Сӯхтам бар оташи дили авди хеш

Ёфтам аз хештани мақсӯди хеш

Ман Аёзи ҳазратам аммо ба ишқ

ӯ Аёзаст ва манам Маҳмӯди хеш

То нишастам бар сари кӯии ғамаш

Сокинам дар ҷинати мавъӯди хеш

Буд ман дар буд ӯ нобӯд шуд

Фориғам аз буд ва аз нобӯди хеш

Дидаам ҷонони ҷони олимӣ

Дар миёни ҷони ғами Фрсўди хеш

То маро бахшед ҳақи нури вуҷӯд

Воқифам аз воҷиду мавҷӯди хеш

Ҷони мақбулами қабулаши аўФтод

Дилхушам аз толеъи масъӯди хеш

зи офтоби меҳри рӯйиш дида ам

Нури олами сояи ммдўди хеш

Орифи дил дар барам рақсон шуда

зи истимоъи нағмаи Довӯди хеш

Ошиқу майхонау сӯфӣу зуҳд

Ҳар касеу одати маъҳуди хеш

Сайид аз ҳастӣ худ чун нест шуд

Эмин омад аз зиёну суди хеш