Қурби сдсоли умр ман бигузашт
Қасд мӯрӣ накардаам ба худо
Нони худ хӯрдаам зи касби ҳалол
Мол ғайриӣ нахурдаам ба худо
Дар хароботи ишқи риндона
Рӯзгорӣ супурдаам ба худо
Ба худо зиндаам ба ҳақи расӯл
Гарчи аз хеш мурдаам ба худо
Мӯӣ ҳастӣ ба теғи сармастӣ
Аз сари худ ситурдаам ба худо
То азизи худо ва халқ шудам
Зокирона шимурдаам ба худо
Нафаси худ ба ёди Сайиди хеш
Иззат кас набардаам ба худо