эй ки май пӯшии либоси аҳли дили як раҳ бидон
Каз раҳи маънии даҳ ва ду тарк дорад тоҷи шоҳ
Тарки бухлу тарки буғзу тарки қаҳру тарки кин
Тарки худ бинӣу тарк айб кун бе иштибоҳ
Тарки нихвати тарки шаҳвати тарки озори касон
Тарки хури пас тарки хобу тарки афъоли табоҳ
Нуқтаро исбот бар илмасту асрори ниҳон
Пас алиф доласт бар зоти худои неки хоҳ
Роҳи ҷӯи тариқи неъмати аллоҳ нестӣ аст
Раҳрав бояд ки ояд бар тариқи шоҳроҳ