Лафзи алиф ва ду лоам ва як ҳо
Исмӣаст аз он ту исм дарёб
Ин сӯрат ӯ ва ӯст маънӣ
Монандаи рӯҳ ва ҷисм дарёб
Дарёб румузи исми аъзам
Он ганҷ дар ин тилисм дарёб
Дар зоҳиру ботинаш назар кун
Орифи шӯ ва ҳар ду қисм дарёб
Дарёб румузи неъмати аллоҳ
Зоту сифаташ ба исм дарёб