эй гулшан аз баҳори хаёли ту сина ҳо

Барги гул аз тароват науммат сафина ҳо

Ҳарҷо ғамат ривоҷ диҳад гавҳари шикаст

Бар санги хора рашк баранд обгина ҳо

Гар аз насими рози ту олам чаман шавад

Буии гули сафои дамад аз гирди кӣна ҳо

Дар ҷустуҷӯии гавҳар зотат фиканда чарх

Аз рӯзу шаб ба қулзуми ғайрати сафина ҳо

Бахшидаи ҳишматат ба сулаймони малики фақр

Аз нақши пои мӯри калиди хазина ҳо

Днёпрсти ҳасрати ҷовид май барад

Дар хоки монда аз дили қоруни дафина ҳо

Дар ҷилваи гоҳи сангдилони шӯи ғубори асир

Инаст поси хотири ойӣнаи сина ҳо