Номаи шавқи турогар мухтасар хоҳам навишт

Бештар аз бештар аз бештар хоҳам навишт

Сӯхтам то порае аз худ хабардорат кунам

Шикваи хуии ту бар бол шарар хоҳам навишт

Сафҳаи ашкам ба меҳри пораҳои дил расед

Баъд аз ин рангини рақамҳо дар назар хоҳам навишт

Номаи ман май барии қосиди забонати лоли бод

Ончӣ бинвиштам ба ӯ бор дигар хоҳам навишт

Дар чаман то булбул аз парвона нашносад касе

Ҳарфӣ аз хуии ту бар гулбарг тар хоҳам навишт

Нисбати хат то нагирад нусха аз ранги мидод

Васфи моҳи рӯйиш аз об гуҳар хоҳам навишт

Нусхае аз дафтари бениш ба даст оварда ам

Ҷамъу харҷ ҳар ду олам мухтасар хоҳам навишт

Гар димоғ нусха бурдорӣ расо гардад асир

Нусхаи бениш ба номи чашм тар хоҳам навишт