Дидаам як мижаи ором ба хобӣ нанавишт

Ки хаёлӣ ба дилами ҳукм итобӣ нанавишт

Дафтар умр супурдем ба бе парвое

Ҷамъу харҷи ду ҷаҳонро ба ҳисобӣ нанавишт

Сухани ошиқи девона чаҳ гуфтан дорад

Нест тифлӣ ки дар ин масаъла бобӣ нанавишт

Сабти дили сохт сурӯши нафас ҳар ки шунид

Номи мо буд ки бар пушт китобӣ нанавишт

Дилам аз дидани мактуби ту ҷон кард нисор

Бетакаллуф чаҳ хушоянда ҷавобӣ нанавишт

Дили бидрди ман авқоти ҷунун зойеъ кард

Нест баҳрӣ ки ба ҳар мавҷ ҳубобӣ нанавишт

Касе аз шаръ маломат нашуд огоҳи асир

Ки ба девонаи саволӣ ва ҷавобӣ нанавишт