Магушоӣ пеш ҳар каси бори фасона чун мавҷ

Банд забон надоранд аҳли замона чун мавҷ

Кӣ бимӣ аз шикастан дорад ба баҳр ҳастӣ

То киште нагардад сайди карона чун мавҷ

Аз хеш агар гузаштем роҳи бурун шудан ҳаст

Баҳр шаҳодатаст ин мо дар миёна чун мавҷ

Моро ғубори хотир дар баҳри гиря сар дод

ӯ дар карона чун дашти мо дар миёна чун мавҷ

Дар бару баҳри олам чун дили мусофирии кӯ

Беобу дона чун мо беошиёна чун мавҷ

Дар баҳри ошноӣ то дида май гушойам

Ашкам кунад ба роҳӣ ҳар дами равона чун мавҷ

То кӣ ба баҳр ҳастӣ дар банди ҳеҷ бӯдан

Башикан ба зӯри бозуи занҷири хона чун мавҷ

Дарё асир гардад аз биқрории ман

Теғаши ҳамон ба хӯнам дорад забона чун мавҷ