зи ёдаши бас ки ҳушёрам ба хӯни хештани мастам

намедонам куҷо май мехӯрд дигар ки ман мастам

Вуҷӯдамро адами паймона таклиф ме бахшад

Агар дар перҳан махмур бошам дар кафани мастам

Мадаи паймона бо паймонаи маҳшар чаҳ хоҳӣ кард

Тағофули пеша вақте май шӯии огаҳ ки ман мастам

Ба ёди ҷилвае аз шавқи рӯеи боғ ҳо дорам

Ба пои сарв дар рақсам ба буии ёсумани мастам

Сар ҳар мӯи чироғони хаёлами трдмоғии байн

Ним парвона аммо аз шароб сӯхтани мастам

Гулистон кардаам ҷонро чироғон кардаам дил ро

Нагунҷад булбулу парвона дар ҷое ки ман мастам

Раҳи савдои зулфаши манзил осӯдагӣ дорад

Ба буии нофа сар кардам суроғӣ дар хутани мастам