Ойӣна шавад дӯди чароғи нафаси мо
Хуршед буд сояи хори ҳаваси мо
Он мушт ғуборем ки дар роҳи муҳаббат
Шуд реги равони қофила бе ҷараси мо
Кўгриаҳи шавқӣ ки диҳад рахт ба сайлоб
То миннат оташ накушуд хору хаси мо
Он мурғ асирем ки аз гармии сайёд
Мижгони самандар шудаи чоки қафаси мо
Дар кулбаи торик асираст шабу рӯз
Бо ёди ту ойӣнаи дили ҳамнафаси мо