Дидаи хоки роҳи ҷавлони ту будӣ кошкӣ
Ҳайратӣ ҳар дам ба ҳайрат мефузудӣ кошкӣ
Булбул ва парвона нарад ҷонспорӣ бохтанд
Ним ҷонӣ доштам меозмудӣ кошкӣ
Субҳ дар базми ту май сӯзади сапанди офтоб
Синаи софами зи дил май сӯхти авдӣ кошкӣ
Илмиро сӯхтан бахшед эксири вафо
Оташи савдоӣ мо медошт дӯдӣ кошкӣ
Чокҳои синаам дарҳо ба рӯй дил гушӯд
Хотирам аз хандаҳои гул гушӯдӣ кошкӣ
Соғар май дар кафати ойӣна гетӣ намост
Порае аҳволи моро ҳам намӯдӣ кошкӣ