Дарди ишқи ошиёнаи дили мо
Рози маҷнӯни фасонаи дили мо
Нафасӣ аз ту кӣ шавад ғофил
Бихўдиҳои баҳонаи дили мо
Ранг аз рӯй оҳ май дуздад
Гиряи бихўдонаҳи дили мо
Нолаи шӯхи мо чаро нашавад
Булбули ошиёнаи дили мо
Оҳи таъмири ҷилваи ашкӣ
Пурхаробаст хонаи дили мо
Чокҳои ҷигар ба гул хандид
Булбулӣ шуд таронаи дили мо
Гардиши чашми мастро нозем
Ёд ӯ шираи хонаи дили мо
Саҷда шукр мекунем асир
Дили мо остонаи дили мо