Маломат мекунанд аз шӯриши ҳоле ки ман дорам
Ҷунун девона мегардад зи афъолӣ ки ман дорам
Бинозам мағфиратро ҷӯши баҳр изтиробаст ин
Гурезади маъсият аз нанги аъмолӣ ки ман дорам
Нагунҷад дар дили андешаи савдое ки ман дорам
намедонам чаҳ хоҳам кард бо ҳоле ки ман дорам
Асирами бихўдӣ маҳвам намедонам киро дидам
Нагунҷад дар дили ойӣнаи тимсолӣ ки ман дорам