Бас ки он гули субҳдам бо об ва тоб ояд бурун
Гар фишорами дидаи бараксаш , гулоб ояд бурун
Аз фурӯғи чеҳра , абрӯяш намеояд ба чашм
Чун маи нав каз паноҳ офтоб ояд бурун
Нашканад бе дастбурди соғар май сади шарм
Бодаи пешовар ки он гул аз ҳиҷоб ояд бурун
Ҳар куҷои ҳарф аз дил бетоқат мо бугзарад
То қиёмат гар биковӣ , изтироб ояд бурун