Ҳар чанд қатра кардем , дар ҷустуҷӯии дарё

Чун об кам набардем роҳӣ ба сӯии дарё

Он қатраам ки аз сайл , пас монад дар биёбон

Бар хок раҳ шудам хушк , аз орзӯии дарё

Ғарқи висол , аз завқ , як ҷо нагирад ором

Гардад ҳамеша моҳӣ , дар чорсўии дарё