Надорад дидаи мо толеъи назораи рӯе

Чу пешонӣ намебайнем ғайр аз чини абрӯе

Чу дом аз худ ним дар сайдгоҳи орзӯи огаҳ

зи бас дар ҳайратами афкандаи нақши пои оҳӯе

Ба гул дар як қабоем , лек аз бисёре ғифлат

Ба ранги булбули дебо , азу нашунидаам бӯе

Танам гардӣда хок ва дар шиканҷи сояи домам

намедонам ки бар ёдам парешон карда гесуе ?