Нишонди пеши худ он шӯх бе ҳиҷоби маро

Чу сояи ҳамдам худ кард офтоби маро

Азин ҷиҳат ки ба зулфи ту нисбатӣ дорад

Нарафт тирагии шаб ба моҳтоби маро

Ба оташи афканд аз хӯрдани шароби маро

Агар шароб хӯрд , мекунад кабоби маро

Соқии алоҷи тишнагӣ мо наме кунад

Дар соғар сипеҳр диҳадгар шароб ро

Гар чашми дил , хаёл ту бинад , маро чаҳ суд

Натавон ба дида дгарӣ дид хоб ро

Абнои ҷинс , қадар надоранд пеши ҳам

Бар рӯй гул касе нафишонд гулоб ро