Ҷаҳони назмро султон чаҳоранд

Ки ҳар як боғи донишро баҳоранд

Аввали Фирдавсии он каз хок Тӯс аст

Аз ӯ рӯй сухан рӯй арӯс аст

Дувуми саъдӣ ки ӯ сар зад зи Широз

Расад Широзёнро бар ҷаҳони ноз

Насими сарви риёзи қавми Низомӣ

Каз ӯ малик сухан бошад тамомӣ

Чаҳоруми анварӣ то сар баровард

Чу оби пок аз хоки абивард

Пас азин чори устоди ҳнрўр

Суханҳои ману ғайри ман овар

Навоеи булбули асвот зоғ аст

Хироми Кебеку рафтор калоғ аст