эй акси рух ҷон диҳад ойӣнаи дил ро
Чун мӯъҷизи исо !
Тӯтӣ шудаи ҳайрони суханҳои ту ҷоно
Бо он лаб гуё !
То бо қади шамшоди гузаштии сӯии гулшан
Қамарӣ ба фиғон шуд
Наргиси пай назора шавад дидаи саропо
Аз баҳри тамошо
Аз шарми ҷамоли ту шудаи Юсуфи мисрӣ
Дар зовияи чоҳ
Савдоӣ ту дорад ба сари Вомиқу узро
Танҳо на Зулайхо !
Пероҳани гул дар чаман аз шавқи ту чок аст
Аз фурқати рӯят
Хӯни бастаи дили ғунчаи зи лаъли ту ҳамоно
Чун бода ба мино !
Боди саҳар аз накҳати зулфат ба гулистон
Оварад насимӣ
Сӯсан ба забон таъна зад оҳӯии хато ро
Зон рафт ба саҳро
Хизри хат ту дода ба райҳони адаби ноз
Аз қоидаи бӯ
Дар кишвар хӯбӣ набӯд лолаи ъзоро
Чун ту шаҳи воло !
То лашкари ҳасани ту ба тороҷи з ҳар сӯ
Оварад шабихун
Чашм аз паии ҷони бурдану рух аз паии яғмо
Дар малики дили мо !
Туғрул ба хаёли сари зулфи ту асир аст
Растани натавонад
Занҷир буд ҳар сари мӯи пои ҷунун ро
Зон зулфи мтро !