Бо аду , бар хеш печидан буд ҷавлони мо
Хасм , хуш бошад агар дории сари майдони мо
Бо вуҷӯди тундии мо дар масофи хасм , нест
Бе нигоҳи аҷзи чашми ҷавҳари пайкони мо
Тоирии ваҳшӣ буд ҳар лаҳзае аз зиндагӣ
Пар заданҳояш з бар ҳам судани мижгони мо
Дар раҳати додем , ақлу ҳушу умру зиндагӣ
эй ғами дунё чаҳ мехоҳӣ дигар аз ҷони мо
Он на дар дарёст мавҷ ва , ин на дар саҳрои сароб
Баҳр ва бар ларзад бахуд , аз шӯриши тӯфони мо
Пеши мо аз ростӣ , як пила дорад кӯҳу коҳ
Каси тараф гирӣ наҷуед як ҷӯ аз мизони мо
Мо чу воъиз нестем аз тангдастони ҳунар
Ҳар чаҳ хоҳии ҷуз равое ҳаст дар дукони мо