Бинмуд саводи шаҳрӣ аз давр

Монанди саводи дидаи пари нур

Шаҳрии ҳамаи хонаҳоаш пари зар

Чун кохи хаёли кӣмёгар

Чун дили ҳамаи хонаҳо шимолӣ

Ҳар як чу баннои чархи олӣ

Монанди ниҳоли гул , хиёбон

Чун гул дар хонаҳоаш хандон

Беруни зи шумори махзани ганҷ

Чун тсФиФи буюти шатранҷ

Сайёри зи хонаҳо ба сад сол

Берун наравад чу фикри раммол

Аз сабзии кишвару билодаш

Сари сабз чу сарви гирди бодаш

Бар шохи дарахт , мурғи рангин

Чун шамъ , гушӯдаи боли заррин

Бигрифта зи сабза дар ҷанобаш

Ойӣна ба муми сабзи обаш

Бинмуда зи равшанои об

Ҳар қатра ба шаб чу карами шаби тоб

Осон гардад , ба тарафи гулшан

Шамъ , аз оташ , чу лолаи равшан

Обаш ба сафои рӯҳ , ғалатон

Ҷони бахш ба ранги оби ҳайвон

Гандум чу дуанд реша зон нам

Ҷон ёфт чу анкабут дар дам

Аҷсоди зи зиндагӣ , бурӣда

Дар хок чу реша қад кашида

Гар вола ӣ лола ӣ баҳорӣ

Машғӯл шудӣ ба гули шуморӣ

Киштяши он ҳинои ниҳода зон бом

Дар коми забон чу мағзи бодом

Бинмуда минораҳои пари фар

Ҳамчун илм аз миёни лашкар

Хуршеду ма аз фарози онҳо

Чун сари илм аз илми ҳувайдо

Ҳар бурҷиро намӯда аз сар

Ин чархи кабӯд чун кабӯтар

Дар чори ҳадаши буюти мардум

Каз дидан ӯ шавад нигаҳи гум

Бинмуда ба чашми аҳли инсоф

Чун ҷӯҷа ӣ мокиёни зи атроф

Бозору дӯконаш аз адад беш

Ҳар синфӣ азу муҳаббати андеш