Марӣзи ишқ агар сад буд алоҷ якеаст

Марази якеу табиати яке , мизоҷ якеаст

Тамом дар талаби васл ва васл ме талабем

Агар якем ва агар сад ки эҳтиёҷ якеаст

Агар чаҳ монда асираст ҳамчунон хуш бош

Ки миннатҳои раҳи корвон ҳоҷ якеаст

Фиреби тоҷи мурассаъи мада ба сарбозон

Ки тарки сар бар ин ҷамъу нанг тоҷ якеаст

Ҳамин мунодӣ ишқаст дар даруни хароб

Ки онкӣ медиҳад ин маликро ривоҷ якеаст

Чаҳ ҷои заҳмату роҳат ки пеши пои талаб

Ҳарири Настаран ва нашутур зҷоҷ якеаст

Биҷузи фасоди мҷуи ваҳшӣ аз табиати даҳр

Ки вазъи унсуру таълӣф имтизоҷ якеаст