Ба нола то нафасами оҳ субҳгоҳ гирифт
Замин ба нола даромад замона оҳ гирифт
Футуҳи мамлакати дил ки сад сипоҳ накард
Ҳуҷуми наргиси мастат ба як нигоҳ гирифт
Аз он замон ки хатати гирди бадар ҳола кашид
Ба синаи ташти ҳаме май занам ки моҳ гирифт
Фақиҳ гуфт ки яғмо пиёла ме гирад
Балӣ гирифт ва ба фармон подшоҳ гирифт