Онро ки зи меҳри хеш парварда кунӣ

ӯро ҳамаи умри банда ва барда кунӣ

Иқрори намоянд ба худовандии ту

Ҳар банда ки ҳоҷаташ бароварда кунӣ