Гадо агар гуҳар пок доштӣ дар асл

Бар оби нуқтаи шармаш мадор боистӣ

Вар офтоб накардӣ фусӯси ҷоми зараш

Чаро тиҳии з мехушгувор боистӣ

Вагар сарои ҷаҳонро сар харобӣ нест

Асос ӯ ба аз ин устувор боистӣ

Замонагар на зар қалб доштӣ кораш

Ба дасти осифи соҳиб айёр боистӣ

Чу рӯзгори ҷузи ин як азиз беш надошт

Ба умри муҳлатӣ аз рӯзгор боистӣ