Подшоҳои лашкари тавфиқ ҳамроҳ тавонад
Хез агар бар азми тасхири ҷаҳон раҳ ме кунӣ
Бо чунин ҷоҳу ҷалол аз пешгоҳи салтанат
Огаҳӣу хизмати дилҳои огаҳ ме кунӣ
Бо фиреби ранги ин нилии хами знгорФом
Кор бар вифқи муроди сибға аллоҳ ме кунӣ
Он ки даҳ бо ҳафт ва ним оварад бас судӣ накард
Фурсатати бодо ки ҳафт ва ним бо даҳ ме кунӣ