Нагзарад рӯзӣ ки аз ашки ҷаҳони паймои ман

Нагзарад сад найзаи болои об аз болои ман

Чарх чун хоҳад ба занҷир ғамам созад асир

Ҳалқа занҷир созад аввал аз болои ман

Баҳри осоиш шабӣ нагузошт паҳлу бар замин

Осмон аз бас ки саргармаст дар аизои ман