Бо онкии зи шавқи назарӣ хоб надорам
Чун гӯша чашмӣ фиканӣ тоб надорам
Бар гиряи ман гар накунӣ раҳми ту доне
Ман дар ҷигари ташна дигар об надорам
То гӯшаи абрӯии ту миҳроб дилам шуд
Ҷое биҷуз аз гӯша миҳроб надорам
Аз нолаи ман хайли сегон тавба танганд
Вақтаст ки дарди сар асҳоб надорам
Аз пери Муғони давраму ташвиши марои кишт
Варна гила аз суҳбат аҳбоб надорам
Дар гиряи гарми поруад аз ҷо аҷабӣ нест
Хошоки сифати тоқат сайлоб надорам
Бигушоӣ дар васл биравӣ ману аҳлӣ
Дарвеши туам рӯй баҳр боб надорам