Мо пеши теғи сар ба иродат ниҳода ем
Қурбонии тўоиму бад-ӣни кор зода ем
Бар мо чу шонаи теғи забон ҳо кашида анд
То як гиреҳи зи сунбули зулфат кушода ем
Гар дигарон зи оташ хашмат гурехтанд
Мо ҳамчуи шамъ то дами мурдан ситода ем
Бо мо чу чашми хеши ту дар нақши бозе
Мо бо ту ҳамчуи оинаи як лухт ва сода ем
Имшаб ки гиря нест ба оҳем мубтало
Аз об ҷустаем ва дар оташ фитода ем
эй абри лутф марҳаматӣ кун ки ғунчаи вор
Пажмурдаему дил ба шукуфтан ниҳода ем
Аз зарра камтарем чу аҳлӣ ба кӯии ту
Лекин ба меҳрат аз ҳамаи олам зиёда ем