эй сарви равон хок шавам дар таҳи поят

Ҷони ману ҷони ҳамаи олам ба фидоят

Дар хилвати дили шӯ ки чаҳ ҷой дгарон аст

Биллоҳ ки ҷон ҳам натавон дид ба ҷоят

Дар ҳашари қиёмат буд он дам ки шаҳидон

Хезанду саросемаи дроФтнд ба поят

Гар кушта шавам баҳри ту якбори бкўи ҳайф

То зинда шавам аз нафас рӯҳ физойат

Бисёр занад бар сари худ санги надомат

Он кӯи дилу дайни бохт ба умеди вафоят

Ҷое ки Зулайхо накунад нолаи зи Юсуф

Зани беҳтар аз он мард ки нолад зи ҷафоят

Аҳлӣ , ба гадои з ту хурсанд шуд аммо

Шоҳаншаҳи ҳасанӣ чаҳ ғам аз ҳоли гадоят