Саги он таййиби анфосам ки рашки машк чин бошад
Насимӣ каз чунон гулзори хезад инчунин бошад
Чунон аз шавқ ӯ мастам ки яксонаст пеши ман
Агар дар ғояти ёрӣ агар дар айн кин бошад
Висоли мор агар ҷӯям ҳарифӣ булҳавас бошам
Ману ганҷи хаёл ӯ висоли ман ҳамин бошад
Аз он лаб бастаам доими казин оташ ки ман дорам
Нафасгар мизнми тарсам ки оҳ оташин бошад
Ҳарифи ошиқони аҳлӣ на аз роҳ саломат шуд
Маломати каш касе бошад ки бо ҳамнишин бошад