Ёр бархест бирақс он қад ва қомат нигаред
Растхезаст дарин хона қиёмат нигаред
Зад илми оташам аз сина ва сад хона бсухт
Илм дод бибинед ва аломат нигаред
Агар ин гулшан ҳасанаст чаҳ ҳоҷати гулу сарв
Рух бибинед худоро қад ва қомат нигаред
На чунон номаи сиёҳами з хаташ кард рақам
Ки зи лавҳи дили ман ҳарф саломат нигаред
Оташӣ дар ҷигар афкандаам аз ишқ чу шамъ
Доғҳо бар рухам аз ашк надомат нигаред
Кӯҳкан бар дил ӯ гирди маломат бор аст
Гирди ман кӯҳи ғам аз санг маломат нигаред
Нест дар майкадаи аҳлии нафасӣ бе майу ҷом
Карами пер ба байнед ва каромат нигаред