Оби ҳаёт агар басари кӯй ӯ равад
Шояд ки дар замини зи хиҷолат фурӯ равад
Гар орзӯии ҳалқаи фитрок ӯ кунем
Бисёр сар ки дар сари ин орзӯ равад
Гар баҳс бар сараст ба пеш сегон фикан
Ман кистам ки бар сари ман гуфтугӯ равад
Ҳаргизи мурӣди пери Муғони зард рӯ нашуд
Ҳарҷо равад баҳамат ӯ сурх рӯ равад
Дорам ҳазор нуктаи ширин вале мапурс
Вақти сухан гуҳӣаст ки май дар сабу равад
Аҳлӣ ҳамеша донаи холӣ чу мӯри ҷуст
Тарсам ки зери хоки дарин ҷустуҷӯ равад