Ёрони ҳамаи масту хабар аз хеш надоранд

Пурвои хумори ман дарвеш надоранд

Ҷон кандан Фарҳод чаҳ донанд ки чун аст

Онҳо ки чу ман кӯҳи ғамӣ пеш надоранд

Дарди дили худ бо ки бигӯем ки ёрон

Бо мо биҷуз аз сарзанишӣ беш надоранд

Юсуф накунад ёди зи ёқӯб ки хубон

Бегона ниҳоданду ғам хеш надоранд

Ҳақи намаки ханда ширин нашносанд

Кофари намаконе ки дил риш надоранд

Бо нӯши лабони хрмгсоннди рақибон

Аҳлии матлаби нӯш ки ҷуз неш надоранд