Аз ҳасрати он лаб ки набахшад шукри хеш
Тӯтӣ зада минқори бхўни ҷигари хеш
Ман чун нахӯрам хӯни зи ҷигари гӯшаи мардум
Ёқӯб шунидӣ ки чаҳ дид аз писари хеш
Дар хок агар афканӣ аз арш ғамам нест
Зинҳори миндози маро аз назари хеш
Он гумшудаам ман ки надорам хабар аз худ
Кӯи воқифи ҳоле ки бипурсам хабари хеш
Аз гавҳари худ теғи забон чанд кашад хасм
Умед ки теғи ту намояди гуҳари хеш
Доғӣаст баҳри гоми дарин раҳгузари танг
Товуси сифат паҳн макун болу пари хеш
То пои басар худ нанаҳй дӯст наёбӣ
Аҳлии басари дӯст ки бигузар зи сари хеш