Мо таҳаммул бар ҷафоҳои ту эй гул ме кунем
Гар ба хории ҳам он ҳам таҳаммул ме кунем
Ҳақи гувоҳи мост дар сидқи муҳаббат бо батон
Нокасегар ноҳақӣ гуяд тағофул ме кунем
Ҳаркасӣ дар ин чаман аз кшткорӣ хуррам аст
Мо чу мурғони такя бар шох таваккул ме кунем
Гарчи ҳасанат дар хаёли мо з хуршедаст беш
Беш аз он хӯбӣ ки мо бо худ тахайюл ме кунем
Мо куҷо ва дидани хуршеди рӯят аз куҷо
Хилвати ҳасанат ба чашму дил тааммул ме кунем
Гул ба дасти мардум ва дар пои булбули хори ғам
Коми худ мо ҳам хаёл аз бахт булбул ме кунем
Коми мо аҳлии ҳамин мурдан буд дар пои дӯст
Сустӣ аз бахтаст ва мо худ ҳам таъаллул ме кунем