Мо файзи дилу файзи илоҳӣ ҳама дорем
Ҷузи бахт дигар ҳарчӣ ту хоҳӣ ҳама дорем
Дар кунҷи дили мост ҳар он нақд ки хоҳӣ
Каз мояи дарвешӣу шоҳӣ ҳама дорем
Гар лаъли гуҳари чарх наад бар тибқи меҳр
Мо баҳри ту бар чеҳраи коҳӣ ҳама дорем
Айбаст зи мо даъвии хӯн бар ту вагарна
Зон холу хати асбоби гувоҳӣ ҳама дорем
Аз ишқ чаҳ ғами аҳлӣ агар нома сиёҳаст
Шукраст ки ин номаи сиёҳӣ ҳама дорем