Ёри дасти ҷавр дар ҷон мекунад

Зонка кори ҷон бмрҷон мекунад

Новаки мижгони кофари мазҳабаш

Рахна дар шамшер имон мекунад

Ҳалқаи занҷири зулфаш ҳар шабӣ

Офтобиро ба зиндон мекунад

Ҳар ки ӯ доман ба меҳраш боз дод

Хӯни халқаш бар гиребон мекунад

Кофариҳои ду зулфаш ҳар дамӣ

Қасди ҷони сад мусулмон мекунад

Ҳар ду олами брнмигирд ба ҷинс

Чун баҳоии бӯса арзон мекунад

Ним сабрӣ белабу дандонаши дил

Аз бен сӣ ва ду дандон мекунад