Дар ҳамаи офоқ дилдорӣ намонад

Дар ҳама рӯй замин ёрӣ намонад

Гул намонад андари ҳамаи гулзори ишқ

Ростӣ бояд на гул хорӣ намонад

Ақл бо дил гуфт кандар боғи ишқ

Гарчи бар шохи вафо борӣ намонад

Ёдгорӣ ҳам намонад охир аз он

Дил ба бодӣ сард гуфт оре намонад

Дар ҷаҳони як ошно нагузошт чарх

Чархро гӯйии ҷузи ин корӣ намонад

Гӯйии охири ин ҳама бегона анд

Ин надонам ошно ёрӣ намонад

Ишқро гуфтам ки сабрам андакӣаст

Гуфт инат бас ки бисёре намонад

Анварӣ бо хештан май сози азонк

Дар диёри ёр диёрӣ намонад