Биё ки бо сари зулфи ту корҳо дорам
зи ишқ рӯй ту дар сар хуморҳо дорам
Биё ки чун ту биёе ба вақт дидан ту
зи дидагони қидматро нисорҳо дорам
Биё ки бе рухи гулрангу зулфи гули бӯят
Шикаста дар дил ва дар дида хорҳо дорам
Биё ки дар пас зонуи з чанд рӯзи фироқ
Ҳазор солаи фузун интизорҳо дорам
Чу омадӣ Марв аз назд ман ки дар ҳамаи умр
Ба бӯса бо лаби лаълат шуморҳо дорам
На ҷаври бахти ману рӯзгори меҳнати ту
Захираҳои басӣ рӯзгорҳо дорам
Марои з ёд мабар он мубин ки дар руху чашм
зи гӯшу гардани ту ёдгорҳо дорам
Хатост инки ҳаме гӯям ин тамаъ накунам
Ки дасти баради тамаъ чанд борҳо дорам
Қарорҳои маро бо ту ранг ва бӯе нест
Ки бо замонаи инҳо қарорҳо дорам
Зкори хеши таъаҷҷуб ҳаме кунам ёрб
Чу нордон фурӯбаста корҳо дорам