Ҳарчанд ба ҷои ту вафо дорам

Ҳам аз ту таваққуъ ҷафо дорам

Дар сари зи ту ҳамчунон ҳавас дорам

Дар дили зи ту ҳамчунон ҳаводорам

Аз ман чу ҷаҳон мабар ки ту доне

Каз давлати ин ҷаҳон туро дорам

Бегона машав чу дайну дил бо ман

Чун бо ғами ту дил ошно дорам

Гӯйӣ ки магӯӣ роз бо хасмон

Ҳошои ллаҳ ки ин раво дорам

Лекин ба гули офтоб чун пӯшам

Чун пушт чу моҳи нав дўто дорам