Рӯй хуби хешро пинҳон макун

Дил ба дасти тести қасд ҷон макун

Ҳуҷраи бедод ободон махоҳ

Хонаи сабри маро вайрон макун

Ҳар замон гӯйӣ бирезам хӯни ту

Рағм бадхоҳон магӯӣ ва он макун

Сар магардон аз ман вае ҷони маро

Дар ҳавои хеш саргардон макун

Анвариро беҷиноят эй нигор

Дар ғами ҳиҷрони худ гирён макун