Бедилам эй ёр ҳамчунон ки ту дидӣ

Дидаи гуҳарбор ҳамчунон ки ту дидӣ

Дар кафи ишқи ту ҷони мумтаҳани ман

Ҳаст гирифтор ҳамчунон ки ту дидӣ

Вази гули рухсорат эйнигор саман бар

Баҳраи ман хор ҳамчунон ки ту дидӣ

Кўж чу чанги ту ҳамчу нола зераст

Нолаи ман зор ҳамчунон ки ту дидӣ

Пурсӣу гӯйӣ чигунае ту чаҳ гӯям

Бедил ва беёр ҳамчунон ки ту дидӣ