Ёр бо ман чун сар ёрӣ надошт
Заррае дар дил вафодорӣ надошт
Ошиқон бисёр дидам дар ҷаҳон
Ҳеҷ каси касро бад-ӣн хорӣ надошт
Ҷон ба тарк дил бигуфт аз бими ҳиҷр
Тоқати чандин ҷгрхўорӣ надошт
То падед омад шароби ишқи ту
Ҳеҷ ошиқи барг ҳушёрӣ надошт
Дили з бесабрӣ ҳаме зад лофи ишқ
Гуфт дорам сабр пиндорӣ надошт
Бори васлаш дар ҷаҳон накушод кас
Кондрў дар ҳиҷр сарборӣ надошт
Дарди чашми ман фузун шуд баҳри онк
Тўтёӣ аз сабр пиндорӣ надошт