Маро то кӣ фалак ранҷур дорад

з рӯй дилбарам маҳҷӯр дорад

Ба як бода ки бо маъшӯқ хӯрдам

Ҳамаи умрам дар он махмур дорад

Надонам то фалакро зин ғараз чист

Ки бе ҷурмии маро ранҷур дорад

Ду дасти худ ба хӯн дил кушодаст

Магар бар хӯни ман маншур дорад