Бо қади ту қади сарв хам дорад
Чун қади ту боғ , сарв кам дорад
Васлати зи ҳамаи вуҷӯд ба лекин
То ҳиҷри ту рӯй дар адам дорад
Шодам ба туу яқин ҳаме донам
Кини як шодии ҳазор ғам дорад
Дар кор ту нест ақл бар корӣ
Кор он дорад ки як дирам дорад
Доим чу қалам ба тораками пӯён
Зон қомату қад ки чун қалам дорад
Дар роҳи ту анварии ту худ доне
Умрӣаст ки то зи сар қадам дорад
Гар сарзаниши ҳамаи ҷаҳони хоҳӣ
Он низ ба давлати ту ҳам дорад