Бо ҷалоли ту эй ҳмидолдин
Равнақи моҳ ва офтоб намонад
Талъати фазлу чеҳраи дониш
Аз замири ту дар ниқоб намонад
Бе ту моро ба ҳақи неъмати ту
Дар дилу чашми сабр ва хоб намонад
То ман аз ту ҷудо шудам ба хато
Дар дилами фикрат савоб намонад
Ҷомаи айшро тароз бирафт
Хаймаи лаҳвро таноб намонад
Шахси иқболро ҳаёт бишуд
Ҷоми лаззотро шароб намонад