Чун баргҳои тӯбои табъам ба номи ту

Як рӯй бар сано ва дигар рӯй бар дуост

Дар хотирам ки булбули бустони наъти тест

Атрофи боғи умри абадулдаҳр пар навост

Бо барг ва бо навой чунин бандае чу ман

Ҳар рӯз бе навотар ва бебарг тар чарост