Маро ки нест ғами тан чаҳ қайд перҳан аст

Ба танги ҷони ман аз зиндагии зи нанг тан аст

Хуши он замон ки ман аз қайд тан шавам озод

Чу нек дарнигарӣ ин фазо на ҷой ман аст

Халосии дили ман аз чаҳ занхдонаш

Ҳамон ҳикоят мӯрасту қисса лаган аст

Балои ҷони ман он чашми фитна ангез аст

Сиёҳи рӯзам аз он турраи шикан шикан аст

Чу кунад сӯрати ширини з теша донистам

Аз он замон ки ҳамон тешаи хасм кӯҳкан аст

Агарчӣ поси ҳуқуқи вафо ту нашиносӣ

Валек қасди ман аз рӯяти ҳақ шинохтан аст