Ту эй ду дида бигӯ каз ҷигар чаҳ май хоҳӣ
Тамом хӯн шуд ва омад дигар чаҳ май хоҳӣ
зи ҳиҷри дидаи ёқӯби бастӣ эй Юсуф
Дигар зи ҷони падар эй писар чаҳ май хоҳӣ
зи Мисри қанд чаҳ хоҳӣу шукр аз Аҳвоз
Сухан бигӯӣу қанду шукр чаҳ май хоҳӣ
Марои зи тири назари мардумак ба хӯн ғалатед
Аз ин зиёдаи зи аҳли назар чаҳ май хоҳӣ
Дарахти меҳр ва вафо дод бори ҷавру ҷафо
Аз ин ниҳол ба ҷузи ин самар чаҳ май хоҳӣ
зи дашти ишқи сбкбори даргузар эй ақл
Ба рӯзи бодияи пурхатар чаҳ май хоҳӣ
Ба сӯии шаҳри бақои рахт бар зи малики фано
Аз ин сарочаи пуршӯру шар чаҳ май хоҳӣ
Аз ин сароб шитобон бирав ба чашмаи Хизр
Чу баҳр ҳаст бигӯ каз шимур чаҳ май хоҳӣ
Чу кори ҳашар буд бо алӣ ба рӯзи ҳисоб
Биё бигӯ ки зи ҷой дигар чаҳ май хоҳӣ
Гирифтае шикани зулфи ёри ошуфта
Бигӯ зи ҳоли худ ошуфтатар чаҳ май хоҳӣ
Ба чашми хеш дар ойӣнаи байни рухи дилдор
Бабанд дами зи ҳадису хабар чаҳ май хоҳӣ